Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехоҳем, касе кушта нашавад; дар Рамазон оромӣ бошад"


Моҳи Рамазон, ки барои мусалмонон айёми рӯзадорӣ ва тоату ибодат аст, ҳафтаи оянда оғоз мешавад. Имсол ин моҳ дар шароите фаро мерасад, ки ҷанг дар Навори Ғазза идома дорад ва эҳсоси хашму ғазаб аз ду ҷониб зиёд аст. Ба вижа дар шарқи Байтулмуқаддас.

Мусалмонҳои Фаластин маъмулан дар моҳи Рамазон ҳар шом пас аз рӯзадорӣ гирди дасторхони идона ҷамъ омада, аз ин моҳ таҷлил мекунанд. Имсол аз шаби 10-уми март Рамазон шуруъ мешавад, аммо дар пасманзари ҷанги Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос" дар Ғазза, мардум чандон эҳсоси шодӣ ва ҳолу ҳавои идона надоранд.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Навори Ғазза, ки зери назорати "Ҳамос" аст, зиёда аз 30 ҳазор фаластинӣ аз тарафи низомиёни исроилӣ кушта шудаанд.

Шайх Муҳаммад Ҳусейн, муфтии Байтулмуқаддас ва Фаластин, гуфт: "Ба далели ҷанг дар Ғазза, ин ҷо ва тамоми ҷаҳон ноором аст. Мебинед, ки дар дунё бо талаби қатъи ҷанг эътирозҳо сурат мегиранд. Дар Амрико як ҷавон ба нишони эътироз алайҳи ин ҳодисаҳо дар Навори Ғазза худро оташ зад. Мо умед дорем, ки махсусан дар Рамазон оташбас сурат мегирад.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Моҳи Рамазон меояд, вале дар Ғазза ноамнӣ ҳукмфармост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Масҷиди “Ал-Ақсо” дар Байтулмуқаддас пас аз Макка ва Мадина макони севуми муқаддас барои мусалмонон аст. Садҳо ҳазор фаластинӣ дар моҳи Рамазон барои намозгузорӣ ба ин ҷо меоянд.

Минтақаи “Ал-Ақсо” ҳамчунин барои яҳудиён муқаддас аст. Онҳо ин маконро чун Кӯҳи маъбад ва ҷое медонанд, ки ду ибодатгоҳи яҳудиён сохта, сипас вайрон карда шудааст.

“Ал-Ақсо” борҳо шоҳиди муноқишаҳои сахт байни фаластиниҳо ва сарбозони исроилӣ ва ҳамчунин ҳамлаи фаластиниҳо ба ибодаткунандаҳои яҳудӣ шудааст. Дар зимн, "Ҳамос" ҳамлаашро рӯзи 7-уми октябри соли 2023 алайҳи Исроил “Тӯфони Ал-Ақсо” номида буд.

Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти миллии Исроил, даъват кард, ки дар Рамазон ба шумори маҳдуди фаластиниҳо иҷозаи вуруд ба “Ал-Ақсо” дода шавад. Бархе аз мақомоти дигари Исроил ин пешниҳодро рад карда, гуфтанд, чунин маҳдудиятҳо хушунатро зиёд мекунад. Таҳлилгарони фаластинӣ ҳам аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ мекунанд.

Расем Обайдат, шореҳи рӯзномаи “Араб Ал-Қудс” дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ мегӯяд, “мо дидем, ки монеагузории исроилиҳо ба намозгузорон дар соли 2021 боис ба ҷанҷолҳо шуд. Агар Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил сиёсати худро дар пайравӣ аз Бен Гвир идома диҳад, ҳодиса такрор хоҳад шуд.”

Сокинони атрофи “Ал-Ақсо” мегӯянд, бо вуҷуди нигарониҳо аз ноамнӣ моҳи Рамазонро бесаброна интизоранд. “Мо ягон мушкил намехоҳем. Намехоҳем, ки касе кушта ё захмӣ шавад. Фақат мехоҳам, ки дар Рамазон оромӣ дошта бошад,” – гуфт Сайёд, сокини Фаластин.

Ӯ афзуд, “ҳузури мо дар “Ал-Ақсо” бисёр муҳим аст. Агар ман наравам, каси дигар наравад, “Ал-Ақсо” холӣ мемонад ва онҳо инҷоро аз худ мекунанд.”

Исроил ҳатто дар моҳи Рамазон бо баҳонаи ноамнӣ ба ҷавонони мусалмон иҷоза намедиҳад, ки дар “Ал-Ақсо” намоз гузоранд. Пулис гуфтааст, эҳтимол теъдоди фаластиниҳои Каронаи Ғарбиро, ҳам ки иҷозаи вуруд ба Байтулмқаддасро доранд, дар ин давраи ҳассос маҳдуд хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG