Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як бозори Бохтар; 6 дӯкон ба коми оташ рафтааст


Акс аз навори корбарон
Акс аз навори корбарон

Дар натиҷаи сӯхтор дар як бозори шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, дастикам шаш дӯкон ба коми оташ рафтааст.

Ҳодиса рӯзи 7-уми март рӯй дод.

Мақомот гуфтанд, асосан соҳибкорони афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон муҳоҷиру паноҳанда ҳастанд, зиён диданд, вале то ҳанӯз сабаби сӯхтор ва хисороти он ҳисоб нашудааст.

Валиҷон Бекиҷонзода, як масъули Идораи оташнишонии Бохтар, рӯзи панҷшанбе гуфт, "соати ҳафти субҳ дар бораи сӯхтор хабар расид. Барои ёрӣ аз ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён низ мошинҳои оташнишонӣ даъват карда шуданд. Таҳқиқ ҷараён дорад."

Дар бозори машҳур ба номи “Шаҳло” дар Бохтар бештар таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётии мошин мефурӯшанд. Соҳибони баъзе аз дӯконҳо соҳибкорони афғонистонӣ ҳастанд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Аз ҷумла, тобистони соли 2022 дар шаҳри Бохтар бозори “Фаровон” оташ гирифта буд. Дар он ҳодиса 12 нафар захмӣ шуданд.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG