Дар ин мусобиқа иштироки беш аз 200 варзишгар (мардон ва занон) аз 40 кишвар дар назар аст. Мусобиқа тибқи қоидаҳои Федератсияи миллии гуштигирии Тоҷикистон сурат мегирад
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мукофотонида мешаванд. Маблағи ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 ба гуштии миллӣ – «гуштигирӣ» мақоми байналмилалӣ дода шуд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта, гуштии миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.
Зимнан, соли гузашта дар мусобиқаи чоруми байналмилалии гуштии миллӣ (гуштигирӣ) байни мардон барои дарёфти «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» дар ду вазн паҳлавонони тоҷик - Муллораҷаб Халифаев (-65 кг) ва Наврӯзи Каримзод (-71 кг) - ғолиб шуданд.
Дар ду вазни дигар варзишгарон аз Узбекистон - Аслонбек Тоҷиев (-78 кг) ва Муҳаммадкарим Хуррамов (+86 кг) - пирӯз гардиданд. Дар вазни зери 86 кило намояндаи Эрон Масъуд Қавибозу барандаи медали тилло шуд.