Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Қазоқҳо ҳаводори Украина, узбекҳо ҷонибдори Русия


Бештари сокинони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамоно хабарҳо дар бораи ҷанг дар Украинаро пайгирӣ мекунанд. Ҳимоят аз Украина миёни сокинони Қазоқистон возеҳ аст. Бештари қирғизистониҳо ва узбекистониҳо аз Русия ҳимоят мекардаанд.

Дар ин бора дар хулосаи пажуҳиши Маркази пажуҳишии қазоқистонии PaperLab зикр шудааст.

Қазоқистониҳо вазъ дар Украинаро аз ҳамон оғози ҳамла пайгирӣ мекунанд, аммо дар Қазоқистон, ҳамзамон дар Қирғизистон, оҳиста-оҳиста ба низоъ "одат" кардаанд.

Барои намуна, дар баҳори соли 2022 ҳудуди 32 дарсади пурсидашудаҳо дар Қазоқистон гуфта буданд, ки "ҷангро бо таваҷҷуҳи зиёд пайгирӣ мекунанд", 39 дарсади дигар гуфта буданд, ки "ба таври кофӣ пайгирӣ мекунанд". Баҳори соли 2023 ин нишондодҳо 26 ва 38% мутаносибан ташкил додаанд.

Ба ҳамин тартиб, нишондодҳо дар Қирғизистону Узбекистон низ тағйир ёфта ва кам шудаанд.

Пажуҳиши PaperLab нишон додааст, ки бо гузашти ду сол сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ акнун ҷангро тавассути мушкилоти иҷтимоии худӣ баҳогузорӣ мекунанд.

Барои мисол, қазоқистониҳо аз он нигаронӣ кардаанд, ки наметавонанд, ба дидори хешовандонашон дар Русия ва ё Украина раванд, шаҳрвандони Қирғизистону Узбекистон гуфтаанд, аз он тарс доранд, ки пайвандони муҳоҷирашонро аз Русия ба ҷанги зидди Украина мебаранд.

XS
SM
MD
LG