Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 ҳиндӣ гуфтанд, онҳоро ба ҷанги зидди Украина маҷбур кардаанд


Ҳафт шаҳрванди Ҳиндустон бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ гуфтанд, ки онҳоро маҷбур кардаанд, то ба ҷонибдорӣ аз Русия алайҳи Украина биҷанганд.

Муроҷиатномаи онҳо дар саҳифаи рӯзноманигори нашрияи ҳиндии "NDTV" Ума Судхир дар шабакаи Х (Твиттери собиқ) нашр шуд.

Ба гуфтаи шаҳрвандони Ҳиндустон, онҳо дар моҳи декабри соли 2023 ҳамчун сайёҳ ба Русия рафтанд ва гуё бо пешниҳоди корманди як ширкати ҷаҳонгардӣ розӣ шудаанд, ки ба Беларус низ бираванд.

"Мо намедонистем, ки барои рафтан ба Беларус раводид (виза) лозим аст. Роҳбалад баъд аз расидан ба Беларус аз мо пулро гирифта, ғайб зад", - мегӯяд яке аз ҳиндустониҳо дар навор.

Шаҳрвандони Ҳиндустонро пулиси Беларус боздошт карда, ба мақомоти Русия таслим кардааст. Мақомоти Русия онҳоро маҷбур кардаанд, то санадеро, ки ба забони русӣ навишта шудааст, имзо гузоранд.

Нашрияи ҳиндии "News 18" навишта, ки шаҳрвандони Ҳиндустон баъд аз 15 рӯз тамрин дар як қисми низомӣ ба ҷанги Русия зидди Украина сафарбар карда шудаанд.

Мақомоти Ҳиндустон моҳи феврали имсол гуфтанд, талош доранд, 30 шаҳрванди худро, ки дар артиши Русия дармондаанд, ба ватан баргардонанд.

XS
SM
MD
LG