Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Вазорати мудофиаи Русияро рахна кардаанд


Рахнагарони интернетӣ аз идораи иктишофии Украина ба пойгоҳҳои иттилоотии Вазорати мудофиаи Русия ҳамла кардаанд.

Мақомоти иктишофии Украина гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаи сайберӣ ё кибернетикӣ сомона, суроға ва IP-и Вазорати мудофиа, инчунин пойгоҳи табодули номаҳои электронии ин вазорат дастнорас шудаанд.

Рахнагарони интернетӣ субҳи 4-уми март ба пойгоҳҳои интернетии Вазорати мудофиаи Русия ҳамла карда, ба иттилои маҳрамонаи вазорат даст ёфтаанд.

"Гап дар бораи фармонҳо, ҳисобот, дастурҳо, гузоришҳо ва дигар санадҳое меравад, ки миёни бештар аз 2 ҳазор ниҳоди тобеи Вазорати мудофиаи Русия дар гардиш буданд", - хабар доданд мақомоти иктишофии Украина.

Пештар аз ин низ рахнагарони украинӣ ба пойгоҳҳои иттилооти ниҳодҳои Русия ҳамла карда буданд.

XS
SM
MD
LG