Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзноманигори зиндониро дар Қазоқистон ҷабрдида эътироф карданд


​​​​​​​Думан Муҳаммадкарим
​​​​​​​Думан Муҳаммадкарим

Думан Муҳаммадкарим, рӯзноманигори қазоқистонӣ ва муаллифи саҳифаи ND дар Ютуб, ки ба иттиҳоми "сармоягузории тундгароӣ" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" зиндонӣ шудааст, дар доираи парвандаи шиканҷа ҷабрдида эътироф шуд.

Вакили мудофеи рӯзноманигор гуфт, додситони вижа Муҳаммадкаримро ҷабрдида эълом кард.

"Бозпурсии аввал баргузор шуд. Парванда дар бораи он аст, ки чӣ гуна ҳангоми тафтишот ба вай фишори равонӣ овардаанд", - гуфт вакил.

Расонаҳо пештар навиштанд, ки Думан Муҳаммадкарим дар маҳбаси Толдиқурғони Қазоқистон гуруснанишинӣ эълом кардааст.

"Бо Думан 1-уми март дар маҳбаси Толдиқурғон мулоқот кардам. Вай талаб дорад, ки дар бораи шиканҷа шудан аз сӯйи пулис зудтар тафтишот анҷом ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин баррасии парвандаи ӯ боз сурат гирад", - гуфта буд вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов.

Думан Муҳаммадкарим ахиран гуфта буд, ки дар роҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ бо ӯ муносибати бераҳмона сурат гирифтааст.

Нашрияи "Власт" бо такя ба вакили мудофеи рӯзноманигор навишт, ки Муҳаммадкаримро бо дастони баста ва дар фасли зимистон дар як мошини сарду дорои тирезаи боз ба додгоҳ бурдаанд.

Думан Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳабс қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъд аз он нисбат ба вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.

XS
SM
MD
LG