Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзиҳои Байден ва Трамп дар "Сешанбеи бузург"


Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар интихоботи ибтидоии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар "Сешанбеи бузург" ё "Суперсешанбе" тавонистааст ба пирӯзиҳои чашмгире бирасад.

Никки Ҳейли, сафири пешини Амрико дар СММ, низ тавонист Доналд Трампро дар аёлати Вермонт шикаст диҳад. Ин дувумин пирузии Никки Ҳейли дар интихоботи ибтидоии Ҳизби ҷумҳурихоҳ аст.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ дар интихоботи ибтидоии Ҳизби демократ дар "Сешанбеи бузург" ба пирӯзӣ расид.

Дар маъракаи маъруф ба "Сешанбеи бузург" номзадҳои ду ҳизби ҷумҳурихоҳ ва демократ барои интихоботи президентии соли 2024 дар Амрико дар 15 аёлат рақобат карданд.

Расонаҳои Амрико пешбинӣ карданд, ки Доналд Трамп дар аёлатҳои Калифорния, Техас, Вирҷиния, Массачусетс, Каролинаи шимолӣ, Арканзас, Колорадо, Алабама, Мэн, Оклаҳома ва Теннесси баранда шудааст.

Дар аёлатҳои боқимонда низ шумориши оро идома дорад ва Доналд Трамп дар ин интихоботҳо пешсаф аст.

Ҷо Байден низ дар интихоботи муқаддамотии Ҳизби демократ тақрибан бидуни рақобат дар "Сешанбеи бузург" яккатоз буд. Ӯ дар аёлатҳои Калифорния, Мэн, Алабама ва Массачусетс ба пирӯзӣ расид.

Ҷо Байден дар ҷазираҳои Самоа дар Уқёнуси Ором дар рақобате бо 91 раъй аз рақиби худ шикаст хӯрд.

Шабакаҳои хабарии амрикоӣ, аз ҷумла CNN бар асоси назарсанҷиҳо дар рӯзи сешанбе мегӯянд, ки мавзуи муҳоҷирон ва иқтисод ду талаби аслии раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ аст.

Дар ҳар давра аз интихоботи президентӣ, рақобатҳои дохилиҳизбӣ дар ду моҳи аввали соли мелодӣ танҳо дар чанд аёлат баргузор мешавад. Аммо дар нахустин сешанбеи моҳи март раъйгирӣ ба таври ҳамзамон дар дастикам 15 аёлат доир мешавад.

Бархе аёлатҳо дар "Сешанбеи бузург" илова бар рақобатҳои ибтидоии раёсати ҷумҳурӣ, интихоботи дигаре монанди таъйини ҳокимон ё намояндагони Конгрессро баргузор мекунанд.

Дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп аз танҳо рақибаш Никки Ҳейли бисёр пеш аст ва дар Ҳизби демократ низ ду рақиби Байден чолиши ҷиддие барои ӯ набудаанд. Байден барои намояндагии ҳизбаш дар интихобот ҳама шонс ё имконро дорад.

Пирӯзиҳои Доналд Трамп дар интихоботи "Сешанбеи бузург" ӯро дар мавқеияти бисёр наздике барои пешниҳод шудан ба унвони номзади ниҳоии Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентии соли 2024 дар Амрико қарор медиҳад. Барои Трамп тарафдории дастикам 1215 овози вакилони ҷумҳурихоҳ лозим аст, то ки номзад шавад.

Номзадҳои ниҳоии ду ҳизб дар тобистони имсол ба таври расмӣ эълон хоҳанд шуд ва интихоботи президентӣ қарор аст рӯз 5-уми ноябр баргузор шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG