Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ба Трамп иҷозаи иштирок дар интихоботро дод


Додгоҳи олии ИМА қарори додгоҳи аёлати Колорадоро дар бораи манъи иштироки Доналд Трамп дар интихоботи президентӣ бекор кард. Ин қарор дар саросари ИМА амал хоҳад кард.

Судяҳои Додгоҳи олии ИМА дастаҷамъона эътироф карданд, ки президенти пешин таҳти моддаи 14 Конститутсия қарор намегирад. Ин модда мегӯяд, "шӯришгарон" ҳаққи фаъолият дар мақомоти давлатиро надоранд.

Трампро баъди он дар иштирок дар "шӯриш" айбдор карданд, ки ҷонибдорони вай рӯзи 6 январи соли 2021 ба Конгресси ИМА ҳамла карда буданд.

Додгоҳи олӣ гуфт, танҳо Конгресси ИМА ҳақ дорад, ки шаҳрвандро аз рӯйхати номзадҳо ба мақоми президентӣ берун кунад, аёлати алоҳида чунин салоҳият надоранд.

"Ин барои Амрико пирӯзии бузург аст", - гуфт Трамп баъди қарори Додгоҳи олӣ.

Охири моҳи феврал додгоҳи аёлати Иллинойс Трампро аз ҳаққи иштирок дар праймеризҳои ҳизби ҷумҳурихоҳ маҳрум кард. Праймериз - як навъ интихоби ибтидоӣ аст, ки роҳро барои иштирок дар интихоботи президентӣ боз мекунад.

Пештар додгоҳҳои иёлоти Колорадо ва Мэн низ чунин қарор қабул карда буданд.

Доналд Трамп дар ҳафт иёлот пирӯзи интихоботи муқаддамотӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG