Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як навишта дар бораи Алишер Усмонов аз интернет пок шуд


Алишер Усмонов.
Алишер Усмонов.

Вакилони мудофеи сарватманди русиягӣ Алишер Усмонов муваффақ шуданд, ки навиштаҳои пулиси Олмон ва иқтисоддон Андерс Ослундро дар бораи ин сарватманд аз Твиттер пок кунанд. Вакилон гуфтанд, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар асоси ҳамин твитҳо нисбати Усмонов ва хоҳараш таҳрим ҷорӣ карда буд.

Моҳи январи соли 2022 Андерс Ослунд дар Твиттер навишт, Алишер Усмонов ва Роман Абрамович "олигархҳои писандидаи Путинанд". Вакилони мудофеи Усмонов гуфтанд, Шӯрои Иттиҳоди Аврупо дар рӯйхати таҳримҳои худ ҳамин мафҳуми "олигарх"-и Олундро нисбати Усмонов истифода ва ӯро одаме унвон кардаст, ки бо президенти Русия "робитаи наздик" дорад.

Моҳи сентябри соли 2023 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо мафҳуми "олигарх"-ро аз рӯйхати таҳримҳо берун кард. Акнун Усмонов ва дигар соҳибкорони русиягии шомил дар таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо "тоҷирони намоён" унвон мешаванд.

Ба илова твитҳои пулиси ҷиноии Олмон низ, ки моҳи апрели соли 2022 нашр шуда буданд, заминаро барои шомили таҳримҳо гардидаи Усмонов фароҳам оварданд. Дар твитҳои пулис хоҳари Усмонов Гулбаҳор Исмоилова молики киштии Dilbar унвон шуда буд ва баъдтар мақомоти олмонӣ ин киштиро ба ҳабс гирифтанд.

Вакилони мудофеи Усмонов гуфтанд, ин киштӣ ба хоҳари вай рабте надорад. Пулиси Олмон бо даъвои вакилони мудофеи Усмонов розӣ шуд ва твитҳояшро дар бораи киштии Dilbar пок кард.

Акнун вакилони мудофеи Усмонов мегӯянд, баъди пок кардани твитҳои пулис дар мавриди асоснок будани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо суол ба вуҷуд меояд.

XS
SM
MD
LG