Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Харҷ агар аз кисаи мардум бувад." Қабулгоҳи серхарҷ, вале нимавайрона


Қабулгоҳи меҳмонони баландпоя дар Ховалинг
Қабулгоҳи меҳмонони баландпоя дар Ховалинг

Қариб ҳар сол дар вилояти Хатлон бо харҷи пули зиёд барои меҳмонон ва сайёҳон макону биноҳои пешвозгирӣ месозанд, аммо онҳо дар як фурсати кӯтоҳ ба харобазор табдил меёбанд. Ба мисли маконе дар ноҳияи Ховалинг, ки барои қабули меҳмонони баландпоя сохта буданд ва он акнун батадриҷ вайрон мешавад.

Қабулгоҳи меҳмонону сайёҳон дар ноҳияи Ховалинг бори охир кай таъмир шудааст, маълум нест. Мақомот чанде пеш эътироф карданд, ки ҳоло тавони таъмири онро надоранд.

Файзулло Ҳусайнзода, раиси дастгоҳи ҳукумати Ховалинг, дар моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Дар ҳақиқат, эрод дуруст аст, ранги расми қаҳрамонҳо андак рафтааст. Ноҳия дар як вазъияте қарор дорад, ки... бо раис ба нақша мегирем, таъмир мекунем."

Ҳукуматҳои маҳаллӣ барои бунёди чунин боғу маконҳо садҳо ҳазор сомонӣ сарф мекунанд, аммо дере нагузашта онҳо ба харобазор табдил меёбанд.

"Дарахтони атрофи бино 80 дарсад сабзид. 20 дарсад насабзид. Дар тирамоҳ аз нав шинондем. Кӯшиш мекунем, ки атрофи дарахтонро маҳкам кунем. Сари роҳ аст ва рафтуои чорво ҳам зиёд," – гуфт Файзулло Ҳусайнзода.

Ховалинг
Ховалинг

Сохтани қабулгоҳу таъмири он бо пули буҷет танҳо хоси ноҳияи Ховалинг нест. Ҳукумати ноҳияи Восеъ низ дар деҳаи Олимтой боғи истиқболи меҳмононро сохтааст.

Агар меҳмони воломақоме ба ноҳия ояд, намояндагони ҳукумати Восеъ ӯро дар ҳамонҷо пешвоз мегиранд. Соли 2022 дар Кӯлоб чунин макони пешвозгириро сохтанд ва пайкараи "дуои модар"-ро ҳам гузоштанд.

Барои сохтани он ҳукумати маҳаллӣ се миллион сомонӣ харҷ кардааст. Барои нигоҳубинаш ҳар сол аз буҷет пул ҷудо мекунанд.

Сохтани қабулгоҳу пайкарагузорӣ дар бештари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба мусобиқа табдил ёфтааст. Сокинон танқид мекунанд, ки ба ҷойи бунёди чунин маконҳо бештар корхона созанд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Маҳалли пешвози меҳмонони Ховалинг вайрон мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
XS
SM
MD
LG