Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қарор бекор шуд." Таҳқиқи дубораи худкушии ду духтар дар Суғд


Худкушии ду духтарро аз нав таҳқиқ мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:01 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Додситонии вилояти Суғд худкушии ду духтарро дар Панҷакент дигарбора ба баррасӣ гирифтааст. Ҳодиса моҳи сентябри соли 2023 рух дод ва сабаби сару садои зиёд шуд. То ҳол ангезаи воқеа маълум нест.

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ чанд рӯз баъди ҳодиса гуфта буданд, ки дар ҷасад аломати марги маҷбурӣ нест, аммо духтарон дасти ҳамдигарро баста буданд. Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд, дар моҳи феврали имсол гуфт, пас аз анҷоми таҳқиқ ва қарори ниҳоии додрас ҷузъиёти онро ошкор хоҳанд кард.

"Қарори аввал аз тарафи Додситонии вилоят бекор карда шуд. Аз сари нав барои санҷиши иловагӣ фиристода карда шуд ва айни замон мавриди тафтиш қарор дорад," -- афзуд ӯ.

Ҷасади ду духтари ҳабдаҳсоларо, ки ба далелҳои ахлоқӣ ному насабашон гуфта намешавад, пас аз ташхис дар охири моҳи сентябри соли гузашта дафн карданд. Лаҳзаи ба об афтодани духтарон дар дурбинҳои назоратӣ сабт гардидааст. Пайвандон ва мақомоти маҳаллӣ дар бораи сабаби воқеа чизе нагуфта буданд.

Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, он ҳангом дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “ҳарду донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент ҳастанд. Дар ҷасадҳо нишонаи марги маҷбурӣ дида нашудааст, вале дасти ҳамдигарро бо банди халат баста буданд.”

Чизе, ки воқеаро асроромез кардааст, дастони бастаи онҳо ва якҷоя дар об ғарқ шуданашон аст. Ба иттилои дарёфтӣ, наврасон зодагони деҳаи Шаршараи ҷамоати Чинори Панҷакент ҳастанд. Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки онҳо хоҳарон ё хешони наздиканд.

Як масъули ҷамоат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми сентябр гуфт, онҳо дар як синф нуҳ сол хонда, якҷо ба Коллеҷи педагогӣ дохил шудаанд. Ҳарчанд аз тарафи модарӣ хешони дур буданд, бештар бо ҳам дӯстии наздик доштаанд.

Дар шарҳи ҳодиса гумонҳое ҳадс зада мешуд, ки духтарони наврас мушкили хонаводагӣ доштанд ва барои худ роҳи наҷотро ҷустаанд. Чанд ҳамсуҳбати мо аз деҳаи Шаршара дар бораи ин оилаҳо гуфтанд, онҳо миёнаҳол буда, падарони ҳарду духтар ҳам дар муҳоҷирати кориянд.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон бар пояи таҳлили солҳои охир гуфта буданд, ки масъалаи худкушӣ аз ҳама бештар дар вилояти Суғд нигаронкунанда аст.

Тобистони соли 2022 аз соҳили рӯди Сир ҷасади занеро бо ду кӯдакаш пайдо карданд ва дертар маълум шуд, ки сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров худро бо духтари панҷмоҳа ва писари шашсолааш ба рӯд партофтааст.

Додситонии вилояти Суғд нисбати хушдоман ва дигар аъзои хонаводаи шавҳар “барои ба худкушӣ расониданӣ” зан парванда боз карданд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон даҳҳо нафар, бештар занону духтарон ба ҷони худ қасд мекунанд. Равоншиносон мушкили иҷтимоӣ, нофаҳмӣ дар оила, фишор ва масъалаҳои номусиро аз сабабҳои ин падида меноманд. Чунин ҳодисаҳо камтар таҳқиқ ва расонаӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG