Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври дигари музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузаштааст


Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон
Сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз анҷоми даври нави гуфтугӯйи марзӣ бо Қирғизистон хабар дод.

Ин ниҳод дар иттилоияе гуфт, музокироти ҳайатҳои ду тараф аз 25-уми феврал то 3-юми март дар Қирғизистон гузашт.

Мақомот дар бораи тафсилоти мулоқот ва созишҳои ҳосилшуда ҳеч чизе нагуфтаанд. Ба ҷуз ин ки даври баъдии музокирот дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Санаи мулоқот маълум нест.

Намояндагони Душанбе ва Бишкек дар моҳи феврали имсол ду дафъа мулоқот карданд.

Пештар раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфта буд, ки таъйини хати сарҳад бо Тоҷикистонро то моҳи марти соли 2024 ба анҷом хоҳанд расонд.

Мақомоти Тоҷикистон аз пешравӣ дар гуфтугӯҳои марзӣ хабар доданд, аммо санаи мушаххасро эълон накарданд.

Ду кишвар тақрибан ҳазор километр сарҳад доранд ва бахше аз он номуайян аст.

Дар гузашта сокинону низомиёни ду кишвар даргирӣ карда, дар ду задухӯрди мусаллаҳона (дар солҳои 2021 ва 2022) аз ду ҷониб даҳҳо нафар кушта ва садҳо кас маҷруҳу бехонаву дар шуданд.

XS
SM
MD
LG