Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ёвон як маркази савдо ба коми оташ рафт


Шаби гузашта як маркази савдо дар ноҳияи Ёвон ба коми оташ рафт.

Бар асоси наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, алангаи оташ ду ошёна ва ҳамчунин болопӯши биноро фаро гирифтааст.

Соҳиби яке аз мағозаҳои сӯхташуда ба Радиои Озодӣ гуфт, оташсӯзӣ аз ошёнаи дуввуми як мағоза сар шуд ва баъдан биноро фаро гирифт.

Дар наздикии ҷойи сӯхтор бинои филиали “Имон интернешнл” ҳам будааст, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ба он осеб нарасидааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон ҳам гуфт, алангаи оташ нуқтаҳои савдо ва хизматрасониро дар масоҳати 420 метри мураббаъ фаро гирифт ва хафви паҳншавии он ба миён омада буд. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки сӯхтор соати 23:55 бо пуррагӣ хомӯш карда шуд.

Мақомот то кунун дар бораи сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми зарар маълумоте ироа накардаанд. ВКД гуфтааст, ки сабабҳои ҳодисаро як гурӯҳи корӣ таҳқиқ ва ҳаҷми зарарро муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG