Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини қирғизро маҳкум ва сипас афв карданд


Дамира Ниёзалиева.
Дамира Ниёзалиева.

Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек рӯзи 29-уми феврал собиқ вазири тандурустӣ ва вакили пешини порлумони Қирғизистон Дамира Ниёзалиеваро дар харидани раъйҳои интихобкунандаҳо гунаҳкор донист.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ рӯзи 2-юми март гуфтанд, дар доираи ин парванда нисбат ба 6 нафар, аз ҷумла Ниёзалиева айб эълом ва ҳамаи онҳо айбдор дониста шуданд.

Додгоҳ ҳамаи гумонбаронро 3-солӣ аз озодӣ маҳрум кард, вале онҳо бар асоси қонуни афви бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Қирғизистон ва 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҳабс озод карда шуданд.

Парвандаи ҷиноӣ зидди Ниёзалиева баъди нашри як навор боз шудааст.

Дар навор шунида мешавад, нафаре, ки садояш ба Ниёзалиева монанд аст, бо масъули ситоди интихоботии вай бо номи Роман харидории раъйҳоро баррасӣ мекунад. Дар ситоди интихоботии ӯ 29 майи соли 2023 бозҷӯӣ сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG