Истгоҳи наздиктарини метрои Маскав ба ин қабристон "Марйино" аз дирӯз бо деворҳои оҳанӣ иҳота шудааст. Дар ҳарду соҳили рӯдхонаи Маскав, ки аз назикиҳои қабристон мегузарад, полис санад ва бору халтаҳои раҳгузаронро месанҷад.
Сомонаи "Sota" хабар дод, ки дар наздикии калисо дастикам чил мошини гуногуни полис – аз мошини сабукрав сар карда то автобусҳои махсус – саф кашидаанд. Нозирони роҳ бо чеҳраҳои пӯшида маҳалларо назорат мекунанд.
Як хабаригори "Mediazona" гуфт, мавҷи телефонҳои мобил дар ин маҳалла гоҳе қатъ мешаванд. The Insider менависад, дар наздикии калисои қабристон як мавҷгире барои гуфтугӯйи ходимони полис насб шудааст.
Кира Ярмиш, сухангӯйи Алексей Навалний дар Бунёди зидди коррупсия, гуфт, барои онҳое, ки ба маросими видоъ ва дафн ҳозир шуда наметавонанд, дар шабакаи YouTube пахши зинда ташкил мешавад.
Маълум нест, шумори ширкатдорони маросими видоъ бо Навалний чӣ қадар хоҳад шуд, чун мақомот то ҳол садҳо нафарро дар гӯшаҳои гуногуни Русия барои гулгузорӣ дар назди лавҳаи хотираи Навалний ҳабс карданд.
Як ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон Иван Павлов гуфт, мақомот тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то теъдоди ширкатдорони маросим камтар шавад. Иван Жданов, раиси пешини Бунёди зидди коррупсия (вобаста ба Алексей Навалний), гуфт, овозаҳое мечарханд, ки мақомот дар ниҳоят танҳо ҳузури хешовандонро иҷоза медиҳанд.
“Вале мо чунин иттилое надорем. Мо ҳаминро медонем, ки дари калисо барои ҳама ибодаткунандаҳо боз хоҳад буд,” – навишт ӯ.
Тими Навалний аз тарафдорону мухлисони ӯ даъват кардааст, ки соати ҳафти бегоҳи 1-уми март дар чанд шаҳр дар маросими ёдбуди ӯ иштирок кунанд.
Алексей Навалний, раҳбари 47-солаи мухолифони Русия, ки 27 бор ба муддати тӯлонӣ дар утоқи танбеҳ ҷой дода шудааст, дар шароити мармуз дар зиндон ҷон супурд. Ӯ се сол боз аз озодӣ маҳрум буд.
Масъулони маҳбаси низомаш сангини Ямало-Ненетск рӯзи 16-уми феврал хабар доданд, ки ӯ даргузаштааст, вале тақрибан даҳ рӯз ҷасадро пинҳон доштанд. Пас аз монеа ва саргардониҳои зиёд, ниҳоят, 24-уми феврал, ҷасади Навалний барои дафн ба модараш Людмила Навалная супурда шуд.
Мақомоти Русия ба ҷуз нашри хабари расмии марги ӯ дар зиндон то ҳол ба ҳеч шакле сабабҳои марги Навалнийро шарҳ надодаанд. Дар санади расмӣ сабаб “марги табиӣ” навишта шудааст, вале наздикону тарафдоронаш ва ҳам кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Навалнийро куштаанд ва масъулияти онро ба дӯши президенти Русия Владимир Путин вогузор карданд.
Путин, ки рӯзи 29-уми феврал бо паёме дар порлумони кишвараш сухан мегуфт, дар бораи марги мармузи Навалний аслан ёдовар нашуд.