Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПМТ аз Тоҷикистон хост, аз созмони зери назари Русия хориҷ шавад


Низомиёни тоҷик дар тамрини СПАД дар Қирғизистон
Низомиёни тоҷик дар тамрини СПАД дар Қирғизистон

"Паймони миллии Тоҷикистон", як ташкилоти гурӯҳе аз мухолифин дар хориҷи кишвар аз иқдоми Арманистон дар робита ба хориҷ шуданаш аз созмони зери назари Русия истиқбол кардааст.

Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замоне, ки мақомоти рус ба истиқлоли кишварҳои минтақа эҳтиром намегузоранд, узвияташ дар СПАД ва дигар созмонҳои зери таъсири Русияро бозбинӣ кунад.

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 22-юми феврал дар суҳбат бо хабаргузории "France 24" гуфта буд, ки ҳукумати ин кишвар узвият дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)-ро бозмедорад.

Созмони мухолифини тоҷик тасмими Арманистонро "сазовори як давлат ва миллати мустақилу соҳибкаромат" номидааст.

"Паймони миллии Тоҷикистон" дар изҳороти худ инчунин гуфтааст, ки СПАД дар ҳеч маврид ба манфиати кишварҳои узв амал накардааст ва кишварҳои минтақа низ дер ё зуд ба ин натиҷа хоҳанд расид.

Ба навиштаи ПМТ, созмонҳои низомии зери назари Русия ба як "василаи саркӯб кардани миллатҳо ва ҳимояи роҳбарони худкомаву фосид" амал мекунанд.

"Тоҷикистон наметавонад узви созмоне бошад, ки кишвари дигари узв, яъне Русия, ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро шомили руйхати пайгарди худ кунад, бидуни ин ки ин одамон қонунеро дар ин кишвар поймол карда бошанд. Даҳҳо шаҳрвандони тоҷиктабори худро бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба зиндон бифиристад ва аз онҳо ҳимоят накунад. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро таҳти фишор ба ҷанги Украина бифиристад ва даҳҳо ҳазор муҳоҷири кишвари "шарик"-и худро бидуни ҳеч далел депорт кунад,"-таъкид шудааст, дар изҳороти ПМТ.

Никол Пашинян ҳангоми эълони қатъи робита бо СПАД ин созмон ва Русияро барои беамалӣ дар муноқишаи Қарабоғи Кӯҳӣ айбдор карда буд. Соли гузашта пас аз як ҷанги кутоҳ Қарабоғи Кӯҳи таҳти назорати Озарбойҷон даромад ва ҳазорон армании муқими ин минтақа ба Арманистон фирор карданд.

"Паймони миллии Тоҷикистон", ки соли 2018 бо ибтикори Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ва чанд созмони дигари мухолифони тоҷик дар Варшава таъсис ёфт, тасмими хориҷ шудани Арманистон аз СПАД-ро мантиқӣ донистааст.

Моҳи ноябри соли 2023 Пашиниян аз ширкат дар нишасти СПАД дар Минск худдорӣ карда буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки узвияташ дар ин созмонро бозбинӣ мекунад, чун СПАД ҳамчун шарик ба Арманистон силоҳу муҳимоти ҷангӣ дода наметавонад. Дар охири моҳи феврал ӯ эълон кард, ки ҳамкорӣ бо ин созмонро қатъ кардаанд.

СПАД, ҳамчун як созмони низомӣ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ ташкил шуд. Дар ин созмон Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Русия ва Белорусия шомиланд. Узбекистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон, ки дар ибтидо узви СПАД буданд, аз узвият дар он хориҷ шуданд.

Коршиносон СПАД-ро як созмони зери назорати Русия медонанд, ки бештар ба манфиати Маскав амал мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG