Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як блогер пас аз танқиди президенти Узбекистон ва оилааш  


Гулноза Мирзоева (акси аввал аз тарафи чап) хонаводаи президенти Узбекистонро ба "дар сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ" айбдор мекард
Гулноза Мирзоева (акси аввал аз тарафи чап) хонаводаи президенти Узбекистонро ба "дар сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ" айбдор мекард

Блогери узбекистонӣ Гулноза Мирзоева рӯзи 24-уми феврал аз тарафи маъмурони милисаи Узбекистон боздошт шуд. Бино ба хабарҳои тасдиқношуда, ӯро ба тамаъҷӯӣ гумонбар медонанд.

Як манбаъ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, Мирзоева "аз роҳбарияти корхонаи коркарди гази ноҳияи Муборак дар ивази танқид накардани корхона пул талаб кардааст".

Ҳоло Мирзоева боздошт шуда, дар ҳабс қарор дорад.

Гулноза Мирзоева дар суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва хонаводаи ӯ танқид мекард.

Мирзоева хонаводаи президентро "дар сохтмони хонаҳои гаронбаҳо, фасодкорӣ ва хешутаборбозӣ" айбдор мекард.

Як фаъоли наздик ба Гулноза Мирзоева мегӯяд, ҳабси блогер ба он рабт дорад, ки вай мехост, мавридҳои фасодро дар корхонаи коркарди гази Муборак ошкор кунад.

Дар як соли охир дар Узбекистон зиёда аз 10 блогер ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро бо айбҳои "тамаъҷӯӣ" ва "таҳқири президент" ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG