Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу созмонҳои иҷтимоиро дар Осиёи Марказӣ танқид кард 


Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Вазири дифои Русия созмонҳои иҷтимоиро дар Осиёи Марказӣ муттаҳам кард, ки фаъолиятҳои зидди ин кишварро афзоиш додаанд.

Сергей Шойгу дар ин бора рӯзи 27-уми феврал изҳорот дод.

Ӯ гуфт, дар Осиёи Марказӣ беш аз 100 "созмони бузурги ғайридавлатии ғарбӣ" фаъол ҳастанд, ки зиёда аз 16 ҳазор намояндагӣ ва бахш доранд.

"Дар пасманзари амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҳамлаашро ба Украина чунин меномад – РО) ин созмонҳо бо ҳадафи поён бурдани ҳамкориҳои низомиву техникӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Русия фаъолиятҳои зиддирусиягии худро афзоиш додаанд. Чораҳои дорои хосияти пешгирикунанда меандешем," – афзуд Шойгу бе ном бурдани он чораҳо.

Дар Русия бештар аз 10 сол боз қонуни маъруф ба "агентҳои хориҷӣ" амал мекунад. Ин қонун ба Вазорати адлияи Русия имкон медиҳад, чозмонҳои иҷтимоиеро "агенти хориҷӣ" эътироф кунад, ки агар аз хориҷ маблағгузорӣ шаванд ва фаъолияти сиёсӣ анҷом диҳанд.

Ин қонун ба мақомоти Русия имкон дод, созмонҳоеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар бахши фарҳанг, омӯзиш, тандурустӣ, муҳити зист ва ҳифзи ҳуқуқи инсон кор мекунанд. Дар натиҷа бисёре аз созмонҳои иҷтимоӣ дар Русия баста шуданд ва ё корашонро маҳдуд карданд.

XS
SM
MD
LG