Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, ки мақоми Ҷеенбеков бекор шавад


Сооронбой Ҷеенбеков. Акс аз моҳи агвусти соли 2022
Сооронбой Ҷеенбеков. Акс аз моҳи агвусти соли 2022

Оқилбек Тумонбоев, вакили порлумони Қирғизистон, пешниҳод кард, ки Сооронбой Ҷеенбеков ба далели доштани робита бо Райимбек Матраимов аз мақоми президенти собиқ маҳрум карда шавад.

Тумонбоев ин пешниҳодро рӯзи 28-уми феврал дар порлумони он кишвар баён кард.

Ба гуфтаи вакил, ба далели доштани робита бо Матраимов - муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон – чанд вакил аз порлумон ронда ва чанд вазир аз вазифа маҳрум шуд.

"Одаме ҳаст, ки Матраимовро ба саҳнаи сиёсӣ овардааст, вале номи ӯро зикр намекунанд. Ин одам аз ҳисоби давлат зиндагӣ дорад. Кист вай? Ин Сооробой Ҷеенбеков аст. Вай раиси вилоят, сарвазир буд. Ҷеенбеков Матраимовро ба саҳнаи сиёсӣ овард, ҳизб ташкил кард", - гуфт Тумонбоев.

Ноиб-раиси порлумони Қирғизистон Нурланбек Азигалиев гуфт, барои бекор кардани мақоми президентии собиқи Ҷеенбеков нахуст қарори фраксияҳои порлумонӣ ва сипас ташкили кумисюн зарур аст.

Дар солҳои истиқлол Қирғизистонро 5 президент роҳбарӣ кардааст, аммо танҳо ду нафари онҳо - Роза Отунбоева ва Сооронбой Ҷеенбеков - мақоми президенти собиқро доранд. Ин мақом ба онҳо дахлнопазирӣ ва чанд имтиёз медиҳад.

Сооронбой Ҷеенбеков ҷонишини Алмосбек Отамбоев буд ва соли 2017 президент интихоб шуд. Вай соли 2020 дар пайи эътирозҳо, баъд аз интихоботи порлумонӣ, истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG