“Ҳамос” аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст.
Ҷо Байден рӯзи 26-уми феврал дар Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт, “мушовири амнияти миллии ман мегӯяд, мо дар остонаи тавофуқ ҳастем, ба он наздик шудаем, аммо ҳанӯз ба охир нарасидааст.”
“Умедам ин аст, ки то душанбеи оянда оташбас хоҳем дошт,” – афзуд раисҷумҳури Амрико.
Ҳоло намояндагони Амрико, Миср ва Қатар бар рӯйи тарҳи созиш кор мекунанд.
Тибқи он “Ҳамос” бар ивази раҳоии асирони фаластинӣ баъзе аз гаравгонони исроилиро озод карда, даргириҳо барои шаш ҳафта боздошта хоҳанд шуд.
Ҷангҷӯёни “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба баъзе аз манотиқи Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 нафарро гаравгон гирифтанд.
Сипас Исроил дар Навори Ғазза амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ оғоз кард, ки дар натиҷаи он, ба иттилои Вазорати тандурустии зери итоати “Ҳамос”, беш аз 29 ҳазор кас ҷон бохтанд.
Гуфтугӯ