Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) бо роҳбарии Мубин Эргашев дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозиҳо рӯзҳои 20-ум ва 23-юми март дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои мунтахаби то 23-сола аз 15-уми апрел то 3-юми май дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа барпо мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «С» бо тимҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (16-уми апрел), Ироқ (19-уми апрел) ва Тайланд (22-юми апрел) рақобат хоҳад кард.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар мавриди ба плей-офф роҳ ёфтан дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» – Узбекистон, Ветнам, Кувайт ё Малайзия - бозӣ мекунанд.
Бозиҳои дӯстона
20-уми март (чоршанбе)
Тоҷикистон – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»
23-юми март (шанбе)
Тоҷикистон – Ветнам
Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»