Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Фаластини худгардон истеъфо дод


Сарвазири Фаластини худгардон Муҳаммад Штайеҳ ба роҳбари Маъмурияти миллии Фаластин Маҳмуд Аббос аризаи истеъфояшро супурд.

Ҳамроҳ бо Штайеҳ ҳукумати ӯ низ ба истеъфо меравад. Ин истеъфо ба эҳтимоли зиёд дар пайи он сурат гирифтааст, сиёсатмадорони канораи Ғарбии дарёи Урдун дар робита ба вазъи навори Ғазза натавонистаанд, иттифоқи назар ҳосил кунанд.

Маҳмуд Аббос истеъфои Штайеҳро пазируфтааст. Штайеҳ то ташкили ҳукумати нав вазифаҳои сарвазирро иҷро мекунад.

Штийе гуфт, "ба далели бадшавии вазъ дар канораи ғарбӣ ва Байтулмуқаддас, қатли омм ва гуруснагӣ дар навори Ғазза" тасмими истеъфоро гирифтааст.

Ҷанги ахир миёни фаластиниҳо ва Исроил бо ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябр оғоз шуд. Дар натиҷаи он ҳамла бештар аз 1200 исроилӣ кушта ва беш аз 240 тани дигар асир гирифта шуданд. Дар амалиётҳои Исроил ба навори Ғазза то имрӯз наздик ба 30 ҳазор кас кушта шудааст, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

XS
SM
MD
LG