Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хост, Оқилбек Муродбойро ба Узбекистон таслим накунанд


Оқилбек Муродбой
Оқилбек Муродбой

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch рӯзи 25-уми феврал аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки фаъоли боздоштшудаи қарақалпоқистонӣ Оқилбек Муродбойро ба Узбекистон истирдод накунанд.

Созмон гуфтааст, Муродбой, ки дар даъват ба бетартибиҳои оммавӣ гумонбар аст, дар Узбекистон бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешавад.

Дар изҳороти HRW омадааст, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳои охир шоҳиди ҳолатҳои зиёди шиканҷа, бадрафторӣ ва боздошти худсаронаи афроде шудаанд, ки дар содир кардани ҷиноят зидди давлати Узбекистон гумонбаранд.

"Иттиҳоме, ки ба зидди Муродбой эълом шудааст, беасос мебошад ва бояд бекор карда шавад. Қазоқистон бояд фавран ӯро озод кунад", - гуфтааст пажӯҳишгари калони созмон дар умури Осиёи Марказӣ Мира Ритман.

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 15-уми феврал Оқилбек Муродбойро дастгир кард.

Созмони Freedom for Eurasia гуфт, фаъоли қарақалпоқистониро бо дархости Тошканд дастгир карданд ва дар ҷараёни боздошташ корманди Вазорати умури дохилии Узбекистон Муҳаммаддин Боймурзоев низ ҳузур дошт.

Мақомоти Узбакистон ӯро дар ҳамла ба сохти конститутсионии давлат ва “таҳия, нигаҳдорӣ, паҳн ё нашри маводе, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад” муттаҳам мекунанд. Худи фаъол ин иттиҳомро туҳмат медонад.

XS
SM
MD
LG