Нашрияи "Власт" бо истинод ба вакили дифои рӯзноманигор навишта, ки Муҳаммадкаримро бо дастони баста ва дар фасли зимистон дар як мошини сард ба додгоҳ бурдаанд.
"Вақте ба додгоҳ оварданд, хоҳиш кард, ки ӯро барнагардонанд. Вале вайро дубора дар ҳамон мошин савор карда, бо тирезаи боз аз шаҳри Конаев ба боздоштгоҳи муваққатии Толдиқурғон бурданд", - афзудааст вакили дифоъ.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, Муҳаммадкарим дар роҳ ба нишони эътироз худро бо мех захмӣ кардааст. Ин эътирози ӯ ба пушти дарҳои баста баррасӣ шудани парвандааш аст.
Вакили дифоъ афзуда, ки дар мурофиаи 22-юми феврал додситони шаҳри Конаев шикояти Муҳаммадкаримро қабул кард ва дар натиҷа баррасии парванда то 29 феврал ба таъхир гузошта шудааст.
Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро ба "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд.
Нисбати вай баъд аз он парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.