Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамшираҳои шафқатро барои кор аз Узбекистон ба Бритониё даъват доранд


Ҳамшираҳои шафқат ё парасторонро аз Узбекистон барои кори дорои маоши аз 3 ҳазор доллар боло ба Бритониё даъват доранд. Дар ин бора Хадамоти муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, номзадҳо бояд хонанда ва ё хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ бошанд ва ҳамзамон забони англисиро донанду доғи судӣ надошта бошанд.

Пештар Хадамоти муҳоҷирати хориҷии Узбекистон хабар дода буд, ки барои фиристодани парастонон ба Бритониё бо он кишвар созиш ҳосил кардааст.

XS
SM
MD
LG