Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз хона баромаду бедарак аст." Ба Насимҷон Шарифов дар Истанбул чӣ шуд?


Насимҷон Шарифов
Насимҷон Шарифов

Як намояндаи "Гурӯҳи 24", созмони сиёсии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, се рӯз боз дар шаҳри Истанбули Туркия "бедарак аст".

Масъулони созмон гуфтанд, Насимҷон Шарифови 39-сола субҳи 23-юми феврал аз ҷойи зисташ ба берун баромад ва, бо ҳамин, тамос бо ӯ қатъ шуд.

Туркия макони зисти гурӯҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст. Мақомоти он кишвар дар гузашта чанде аз фаъолони "Гурӯҳи 24"-ро бо дархости Душанбе дастгир, вале дертар раҳо кардаанд.

Насимҷон Шарифов, ки аз соли 2015 дар Туркия зиндагӣ дорад, дастикам се бор дастгиру озод шудааст. Ӯ соли 2018 беш аз ду моҳро дар Боздоштгоҳ гузаронд. Маълум нест, ин дафъа низ дастгир шудааст ё ба мушкили дигаре дучор шуда.

Сӯҳроб Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24", мегӯяд, дар 48 соати гузашта аз Насимҷон Шарифов ҳеч паём нагирифтанд, вале навори дурбинҳои назоратиро ба даст оварданд.

Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Ӯ рӯзи 25-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар навор дида мешавад, ки Насимҷон шаби 22-юми феврал, соати 22:45, ба хона даромада, субҳи 23-юми феврал, соати 8:15, аз онҷо берун шудааст. Соати 9 мулоқот дошт. Дар давоми 45 дақиқа гум шудааст. Кори моро рӯзҳои таътил каме мушкил кард. Дар онҷо намояндаҳои мо ҳастанд, кор мекунанд."

Ба нақли Сӯҳроб Зафар, Насимҷон Шарифов дар гӯшаи дигаре аз Туркия ба таври қонунӣ мезист, аммо муваққатан барои даҳ рӯз ба Истанбул омада буд. Вай мегӯяд, дар ин қазия аз ду чиз нигарон ҳастанд. Аввал ин ки таҳдидҳо ба аъзои "Гурӯҳи 24" дар Туркия афзуда буд. Дигар ин ки Насимҷон Шарифов дар 48 соати охир ба тамос набаромадааст.

"Ин таҷрибаи талхро дорем, ки вақте як одам рабуда шавад, вазъ чӣ гуна аст ва агар дастгир шавад чӣ гуна. Мо дастгир шуда будем ва ҳадди ақал ин имконро доштем, ки телефонӣ дигаронро аз қазия огоҳ кунем,” -- афзуд ӯ. "Гурӯҳи 24" ҳанӯз 23-юми феврал дар изҳороте гуфт, ки намояндагонаш дар Туркия "ҳамвора навиштаҳои таҳдидомез дарёфт мекунанд, ки ба зудӣ кушта ё рабуда ба Тоҷикистон бурда хоҳанд шуд."

Мақомоти Туркия то ҳанӯз дар бораи сарнавишти як фаъоли мухолифони тоҷик хабар надодаанд. Ҷониби Тоҷикистон ҳам ба иддаои “рабуда шудани ӯ” вокуниш накардааст.

Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Лаҳистон, дар эъломияе рӯзи 24-уми феврал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, “рабудан, таъқиб ва фишорро болои дигарандешон хотима бидиҳад ва қонунҳои ҷории кишвар ва байнулмилалиро риоя кунад”. Ҳамзамон аз тамоми мухолифон ва паноҳандагони сиёсӣ талаб шудааст, ки “ҳарчӣ зудтар кишварҳоеро, ки барояшон хатар дорад, тарк кунанд.”

Сӯҳроб Зафар мегӯяд, “то имрӯз Туркия ягон мухолифи ҳукумати Тоҷикистонро ба Душанбе насупурдааст, ҳарчанд боздошту бозпурсиҳо буд. Умедворем, ки чунин нашавад. Дар ҳоли ҳозир ният надорем, ки Туркияро пурра тарк кунем. Дар онҷо намояндаҳои мо ҳастанд.”

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Созмони “Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст. То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боздошт ва бархеи онҳо ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Туркия аз шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар бозорҳои кишвар хариди молу маҳсулоти туркӣ зиёд ба назар мерасад. Муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар моҳи январи соли 1992 барқарор шудааст.

Тоҷикистон дар солҳои охир бо дархости Туркия литсейҳои вобаста ба Фатҳулло Гулен, рӯҳони турк ва мухолифи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғонро баст ва камаш ду намояндаи ин созмонро ба Анкара таслим кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG