Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул кард


Порлумони Қирғизистон
Порлумони Қирғизистон

Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 22-юми феврал тарҳи қонуни "намояндагони хориҷӣ"-ро қабул карданд.

Ба гуфтаи вакили порлумони Қирғизистон Дастан Бекешев, ки зидди қабули лоиҳа раъй дод, қонуни нав ба бахши иқтисоди ин кишвар таъсири манфӣ расонда, на танҳо ба созмонҳои ғайридавлатӣ, балки ба бахшҳои маориф ва кишоварзӣ ҳам, ки аз хориҷ грант мегиранд, зарба хоҳад зад.

Муаллифи лоиҳа ва намояндаи дигари мардумии қирғиз Нодира Норматова гуфт, ин қонун барои таъмини амнияти Қирғизистон лозим аст ва он бояд 10 сол пеш қабул мешуд.

Бар асоси қонуни мазкур, дар Қирғизистон созмонҳои иҷтимоӣ ва ғайридавлати, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мегарданд, "намояндаи хориҷӣ" эълон хоҳанд шуд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ аз мақомоти Қирғизистон хоста буданд, ки ин тарҳро напазиранд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" монанд мекунанд.

Созмони байнулмилалии "Human Rights Watch" гуфт, қабули қонун роҳро барои дахолати беасос ба фаъолияти созмонҳои ғайридавлатии Қирғизистон, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, ҳамвор мекунад.

XS
SM
MD
LG