Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бомбаборони Рафаҳ аз сӯи Исроил


Исроил бомбаборони Рафаҳ дар ҷануби Ғаззаро сахттар кардааст. Дар ҳоле, ки вазорати тандурустии Ғазза охирин омори кушташудагони фаластинӣ дар ин ҷангро 29 ҳазори 291 нафар эълон кардааст, беш аз даҳ узви як хонавода низ дар яке аз ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Рафаҳ кушта шуданд.

Артиши Исроил гуфтааст, ки амалиёти худро дар Хон Юнус, шаҳре дар шимоли Рафаҳ, сахттар кардааст, аммо ин ниҳоди низомӣ дар гузориши рӯзонаи ҳодисаҳои Ғазза, ҳеҷ ишорае ба Рафаҳ накардааст.

Тахмин зада мешавад, ки ҳудуди 1,5 миллион фаластинӣ ба Рафаҳ, дар ҷануби навори Ғазза, ки дар ҳамсоягии Миср қарор дорад, паноҳ оварда бошанд.

Изҳорот ва оморҳои мақомоти Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки раванди вуруди кӯмакҳои башардӯстона ба Ғазза аз тариқи Миср тайи ду ҳафтаи ахир тақрибан қатъ шудааст ва набуди амният, ҷараёни тақсими ғизоро бениҳоят душвор кардааст.

Исроил бо вуҷуди мухолифатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Амрико, ки муттаҳиди аслии он ба шумор меравад, эълон кардааст, ки худро омодаи ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ мекунад.

Сокинони Рафаҳ рӯзи чаҳоршанбе аз тариқи паёмакҳо аз чандин ҳамлаи ҳавоии Исроил ва таркишҳои бузург дар шаҳр ва низ партоби мушакҳо аз баҳр ба минтақаҳои соҳилӣ, хабар доданд.

Хабарнигорони "Рейтерз" видеоеро аз ҳамлаи ҳавоӣ ба истиқоматгоҳи хонаводаи "Ан-Нур" таҳия кардаанд, ки нишон медиҳад, ин хона ба хок яксон шуда, беш аз даҳ ҷасад дар кафанҳои сафед ё сиёҳ печонида шудаанд.

Абдураҳмон Ҷумъа гуфт, ки ҳамсараш Нур, ки аз хонаводаи "Ан-Нур" буд, ва ҳамчунин духтари яксолааш, ҳар ду ба ҳамроҳи волидайн, бародар ва дигар бастагони Нур дар ин ҳамла кушта шуданд.

Исроил мегӯяд, гурӯҳи "Ҳамос" аз биноҳои ғайринизомӣ истифода мекунад. "Ҳамос" ин иттиҳомро рад мекунад.

Сокинони маҳаллӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки тонкҳои исроилӣ аз Хон Юнус ба тарафи Ал-Мавосӣ дар ғарб пешравӣ кардаанд. Ал-Мавосӣ то ин авохир аз амнияти нисбӣ бархӯрдор буд ва артиши Исроил ба фаластиниҳо гуфта буд, ки дар он минтақа паноҳ бигиранд.

Ба гуфтаи сокинони минтақа, тонкҳо ба ҷодаҳои соҳилӣ расиданд ва амалан иртиботи Хон Юсус ва Рафаҳро аз бақияи навори Ғазза қатъ карданд, аммо пас аз чанд соат ақибнишинӣ карданд.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати гурӯҳи "Ҳамос" аст, рӯзи чаҳоршанбе эълон кард, ки аз оғози ҷанг дар рӯзи 7-уми октябри соли гузашта то кунун 69 ҳазору 333 нафар дар Ғазза захмӣ шудаанд. Шумори кушташудаҳои фаластинӣ низ ба 29 ҳазор нафар расидааст, ки 118 нафари онҳо дар 24 соати ахир ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG