Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ӯ ошиқи Тоҷикистон буд.” Даргузашти Лайло Шарифӣ дар Олмон


Лайло Шарифӣ
Лайло Шарифӣ

Лайло Шарифӣ, яке аз поягузорони гурӯҳи ҳунарии "Гулшан" дар Тоҷикистон, дар 94-солагӣ дар шаҳри Дюселдорфи Олмон даргузашт.

Ахтар Қосимӣ, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари осори Лайло Шарифӣ, рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, овозхон чанд вақти охир дар кома ё беҳушии тӯлонӣ қарор дошт ва нисфирӯзии 19-уми феврал дар беморхона аз олам чашм пӯшид.

Лайло Шарифӣ дар нимаи солҳои 50-уми асри гузашта аз Эрон ба қаламрави Шӯравӣ рафт ва солҳои зиёд дар Тоҷикистон ва Озарбойҷон зисту кор кард.

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Ахтар Қосимӣ гуфт, хонум Шарифӣ "аз Тоҷикистон хотироти хуб дошт ва ҳамеша бо ашки чашм аз кору зиндагиаш дар ин кишвар мегуфт". "Ӯ ошиқи Тоҷикистон буд. Ҳамеша аз Тоҷикистон мегуфт ва хабарҳои ин кишварро пайгирӣ мекард," -- афзуд Ахтар Қосимӣ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, қарор аст, рӯзи 20-уми феврал маросими видоъ бо Лайло Шарифӣ баргузор шавад. Ӯ аз қабл васият карда будааст, ки ҷасадашро бисӯзонанд.

Авҷи кору эҷоди Лайло Шарифӣ дар Тоҷикистон дар охири солҳои 70 ва 80-уми асри гузашта будааст. Худи ӯ дар як суҳбаташ чор сол пеш гуфта буд, ки бо шоиру оҳангсозони маҳаллӣ, мисли Ансорӣ, Турсунзода, Деҳотӣ ҳамкорӣ дошт.

Таронаҳои “Муҳаббат”, “Ошиқ будам, Лайлӣ” ва дигар сурдаҳои ӯ ҳанӯз маъруфанд ва аз ҷониби овозхонҳои тоҷик бозхонӣ мешаванд.

Ӯ охири солҳои 70-ум аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон рафт. Пас аз марги шавҳараш дар соли 1985 ба Олмон кӯчид ва то охири умр дар шаҳри Дюселдорфи ин кишвар зист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG