Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як корхонаи тилои Қазоқистон корро бас мекунад


Корхонаи коркарди маъдани "Майкаинзолото"-и Қазоқистон эълом кард, ки фаъолияти худро муваққатан, эҳтимол то 1-уми апрели имсол бас мекунад.

Як қатор расонаҳои маҳаллӣ дар ин бора хабар дода, навиштанд, ки кормандони ширкат ба рухсатии бомузд фиристода мешаванд ва ба онҳо 50 дарсади маошашон пардохт хоҳад шуд.

"Бино ба гуфтаҳои раҳбарияти корхона, дар ҳоли ҳозир омодагӣ ба қатъи фаъолияти он идома доранд. Тахминан, корхона рӯзҳои 22-23-юми феврал корро қатъ мекунад", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз қавли сардори Раёсати шуғли аҳолии вилояти Павлодари Қазоқистон Аблай Сабаров.

Дар "Майкаинзолото" 933 кас кор мекунад.

Сомонаи "Павлодар - онлайн" навишт, ки корҳо дар шахтаҳои ширкат баъди ба чуқурӣ сарозер шудани автобус қатъ шуда буд ва корхона чанд ҳафтаи ахир аз ҳисоби захираҳо кор мекард.

Автобуси ҳомили кормандони Маркази ситоди ҷумҳуриявии хадамоти низомии наҷотдиҳиву садамавӣ 4 январи соли равон ба умқи 150 метр сарозер шуд. Мақомоти наҷотдиҳии Қазоқистон гуфтанд, автобус чаҳор мусофир дошт.

Мақомоти қазоқ дар аввал мухтасар гуфтанд, "автобус ба чуқурие, ки нав ба миён омада буд, афтодааст". Ситоди марказии хадамоти наҷоти изтирорӣ дертар шарҳ дод, ки фурӯрезӣ дар ҳудуди кон пеш аз убури автобус рух додааст.

XS
SM
MD
LG