Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қарақалпоқистониро ба даъват ба бетартибӣ гумонбар карданд


Оқилбек Муродбой
Оқилбек Муродбой

Оқилбек Муродбой, роҳбари ҷамоаи қарақалпоқҳо дар Қазоқистон, ки пештар бо дархости Узбекистон дар шаҳри Алмато боздошт шуда буд, ба даъват ба бетартибиҳои оммавӣ гумонбар шуд.

Дар ин бора Фариза Норбекова, хоҳари Муродбой, хабар дод.

Пештар додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли қарақалпоқистонӣ Оқилбек Муродбойро 40 шабонарӯз ба ҳабс гирифт.

Фариза Норбекова, хоҳари Оқилбек Муродбой, ба нашрияи "Власт" гуфтааст, ки бародари ӯро пулис шоми 15-уми феврал дастгир кард.

Созмони "Freedom for Eurasia" мегӯяд, фаъоли қарақалпоқистониро бо дархости Тошканд дастгир карданд ва дар ҷараёни боздошташ корманди Вазорати умури дохилии Узбекистон Муҳаммаддин Боймурзоев низ ҳузур дошт.

Ба гуфтаи Норбекова, мурофиаи додгоҳии бародараш бе ҳузури вакили мудофеъ баргузор шуда, Муродбойро аллакай ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд.

Мақомоти Узбакистон ӯро дар ҳамла ба сохти конститутсионии давлат ва “таҳия, нигаҳдорӣ, паҳн ё нашри маводе, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад” муттаҳам мекунанд. Худи фаъол ин иттиҳомро туҳмат медонад.

XS
SM
MD
LG