Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тарҳи оташбаси муваққатро дар Ғазза ба Шӯрои Амният пешниҳод кардааст


Ба гузориши "Рейтерз", Амрико пешнависи қатъномаеро дар бораи оташбаси муваққат дар Ғазза ва мухолифат бо ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешниҳод кардааст.

Ин иқдом дар ҳоле анҷом мешавад, ки Амрико гуфт, қатъномаи пешниҳодии Алҷазоирро вето хоҳад гузошт. Дар он қатънома ба зарурати оташбаси фаврии инсондӯстона таъкид шуда буд.

Амрико гуфт, тарҳи пешниҳодии Алҷазоир музокиротро миёни Амрико, Миср, Исроил ва Қатар, ки бо ҳадафи таваққуфи ҷанг ва озодии гаравгонҳо анҷом мешавад, ба хатар меандозад.

Хабаргузории "Рейтерз" навишт, Вашингтон то кунун мухолифи вожаи оташбас дар ҳамаи қатъномаҳои Созмони Милал буд, ки дар робита бо ҷанги кунунӣ миёни Исроил ва гурӯҳи "Ҳамос"* пешниҳод шуда буд. Аммо матни пешниҳодии Амрико ҳамон лаҳҷа ва забонеро ба кор бурдааст, ки Ҷо Байден, президенти Амрико ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯи худ бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, истифода кард.

Қатъномаи пешниҳодии Амрико таъкид мекунад, ки "як ҳамлаи заминии густурда ба Рафаҳ дар шароити кунунӣ боис ба осеби бештар ба ғайринизомиён ва ҷобаҷоии дубора ва интиқоли эҳтимолии онҳо ба кишварҳои ҳамсоя мешавад".

Исроил қасд дорад ба Рафаҳ, ки паноҳгоҳи беш аз як миллион фаластинӣ аст, ҳамла кунад. Аммо ин амр нигарониҳои ҷомеаи байнулмилалиро барангехтааст, ки ҳамлаи Исроил метавонад бӯҳрони инсониро дар Ғазза печидатар кунад. Созмони Милали Муттаҳид низ ҳушдор додааст, ки ҳамлаи Исроил ба Рафаҳ метавонад ба "куштор" анҷом ёбад.

Пешнависи қатъномаи Амрико мегӯяд, чунин иқдоме "пайомадҳои ҷиддӣ барои сулҳ ва субот дар минтақа хоҳад дошт ва аз ин рӯ таъкид мекунад, ки ҳеч ҳамлаи заминии умда дар шароити кунунӣ набояд анҷом шавад".

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023 оғоз шуд. Дар ҳамлаи "Ҳамос" ва дигар гурӯҳҳои фаластинӣ ба Исроил беш аз 1200 нафар кушта шудаанд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза то кунун 29 ҳазор нафар ҷон бохтаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон ҳастанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG