Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишаст дар бораи Афғонистон, вале бе ҳузури “Толибон” дар Қатар


Қатар
Қатар

Нишасти дурӯзаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Афғонистон бе ҳузури “Толибон” дар Давҳа, пойтахти Қатар, баргузор шуд.

“Толибон” аз моҳи августи соли 2021 зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст доранд, аммо то ин дам аз тарафи ҳеч давлат ба расмият шинохта нашудаанд.

Нишаст рӯзи 18-уми феврал паси дарҳои баста ба раҳбарии дабири кулли Созмони Милал, Антонио Гуттереш, оғоз ёфт. Дар он роҳҳои ташвиқи “Толибон”-ро ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ баррасӣ карданд.

Таҳияи харитаи роҳ барои берун кашидани Афғонистон аз инзивои байнулмилалӣ ва ҳуқуқи занону духтарон барои кору таҳсил аз масъалаҳои дигар буд.

Маҳбуба Сироҷ, намояндаи ҷомеаи маданӣ ва занони Афғонистон, рӯзи 19-уми феврал дар суҳбат ба Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки дар ниҳоят садои ӯ ва занони дигар “шунида мешавад”. Аз замони ба қудрат расидани “Толибон” занон дар Афғонистон аз ҳаққи кору духтарон аз таҳсил маҳрум ҳастанд.

Нишаст дар бораи Афғонистон, вале бе ҳузури “Толибон”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00

XS
SM
MD
LG