Дар ин бора раиси созмони ҳуқуқи башари "Эзгулик"-и Узбекистон Абдураҳмон Ташанов хабар додааст.
"Ба ибораи дигар, педофилҳоро ба зиндон фиристодан ба маҳбаси сукунатӣ фиристодаанд. Додрасҳои мо "ҳилагар" ҳастанд. Онҳо ҷомеаро мутмаин сохтанд, ки педофилҳо се солро дар зиндон мегузаронанд, вале маҳкумшудаҳо дар асл беш аз 2 сол мешавад, ки дар маҳбаси сукунатӣ қарор доранд ва аз шароити онҷо истифода мебаранд," -- мегӯяд Ташанов.
Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи шаҳри Тошканд дар посух ба суоли Ташанов қарор доштани мансабдорони пешин дар маҳбаси сукунатиро тасдиқ карданд. "Онҳо ҷинояте содир накардаанд, ки ба ҷомеа хатари бузург дошта бошад", - гуфтаанд дар додгоҳ.
Додгоҳи ноҳияи Хиваи Узбекистон моҳи сентябри соли 2022 сардори Раёсати адлияи вилояти Хоразм ва сардори пешини ноҳияи Янгиариқро барои таҷовузи духтарони ноболиғ ба 1,5-солии маҳдудияти озодӣ маҳкум кард. Додгоҳи зинаи болоӣ ҳукми онҳоро тағйир дод ва 3-солӣ зиндонӣ кард.