Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон воридоти тухми мурғро манъ карданист


Қазоқистон тасмим дорад, ки воридоти тухми мурғро аз кишварҳои севум ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё муваққатан манъ кунад.

Лоиҳаи фармон дар сомонаи "Откритие НПА" нашр шуда, то 1-уми марти имсол дар баррасии умум қарор хоҳад дошт.

"Воридоти тухми мурғ аз кишварҳои севум ва аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тавассути мошин ба қаламрави Қазоқистон ба муҳлати 6 моҳ манъ карда мешавад", - иттилоъ додааст расонаи маҳаллии Informburo.kz.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳоли ҳозир дар Қазоқистон 56,5 миллион мурғ ҳаст, ки нисбат ба соли гузашта 13,8 дарсад зиёд мебошад.

Манбаъ афзуда, ки соли 2023 дар он кишвар 4,9 миллиард дона тухми мурғ истеҳсол шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.

XS
SM
MD
LG