Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Шевчук дар Остона суруди "Озодӣ"-яшро ба Навалний бахшид


Юрий Шевчук.
Юрий Шевчук.

Раҳбари гурӯҳи маъруфи ДДТ Юрий Шевчук, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон консерт баргузор кард, яке аз сурудҳои худ - "Озодӣ"-ро ба ёди Алексей Навалний бахшид.

Шевчук пеш аз иҷрои суруд изҳор дошт, ки "Алексей Навалний, ки ба мо, русиягиҳо дар бораи озодӣ мегуфт, як рӯз пеш даргузашт. Ӯ ёдовар мешуд, ки ҳамаи мо метавонем озод бошем. Вай мегуфт, боварӣ бе озодӣ таассуб ва кор кардан бидуни озодӣ ғуломист".

Юрий Шевчук дар гузашта борҳо аз маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Алексей Навалний ҷонибдорӣ кардааст. Сарояндаи рус мегуфт, ки мехоҳад маҳбуси сиёсӣ президенти ояндаи кишвараш шавад.

Раҳбари ДДТ баъди оғози ҳамлаи беасоси Русия ба Украина амалҳои раисҷумҳур Владимир Путинро ошкоро маҳкум кард. Пас аз ин, консертҳои гуруҳи ӯро дар саросари Русия манъ ва худи Шевчукро бараи "бадном кардани артиши Русия ҷарима карданд.

Хадамоти иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми фаврал дар як баёния хабар дод, ки Алексей Навалний ҳангоми қадамзанӣ аз ҳуш рафтааст. Табибони ёрии таъҷилӣ ба кӯмакаш омадаанд, вале ӯ ҷон додааст. Навалний, яке аз муборизон ба зидди фасодкорӣ дар Русия ва сиёсатмадори шинохта дар ин кишвар 47-сола буд.

Марги ӯ сабаби андӯҳи мардуми зиёде дар Русия шуд ва раҳбарони кишварҳои хориҷӣ раиси ҷумҳур Владимир Путинро гунаҳкори марги ӯ номида маҳкум карданд. Рӯзи 17-уми феврал вазирони умури хориҷии Гурӯҳи 7, яъне ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар ҳошияи конфронси амниятии Мюнхен, дар ин шаҳри Олмон бо сукут ёди Навалнийро гиромӣ доштанд.

Ҳукумати Русия, ки Навалний онро дар заҳролуд кардани худ дар соли 2020 муттаҳам мекард, ҳаргуна даст доштан дар марги Навалнийро бо хашм рад кард ва вокуниши раҳбарони кишварҳои Ғарбро “девонавор” номид.

XS
SM
MD
LG