Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт кишвари абарқудрат аз Русия барои марги Навалний шарҳ хостанд


Лавҳаи ёдбуд ба ёди Алексей Навалний
Лавҳаи ёдбуд ба ёди Алексей Навалний

Вазирони кишварҳои узви “Гурӯҳи 7” аз мақомоти Русия хостанд, ки марги Алексей Навалний, мухолифи зиндонии ҳукумати ин кишварро ба тафсил шарҳ бидиҳад.

Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия рӯзи 16-уми феврал хабар дод, ки Алексей Навалний дар зиндон фавтидааст.

Кишварҳои узви гурӯҳи “G7”- ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса, Италия, Олмон, Ҷопон ва Канада дар баёнияи муштарак хостори таҳқиқи одилонаи марги мухолифи Путин шудаанд.

Нишасти кишварҳои пешрафтаи “G7” рӯзи 17-уми феврал дар шаҳри Мюнхени Олмон баргузор шуд. Вохурии намояндагони ин кишварҳо бо дақиқаи сукут бо ёди Навалний оғоз шуд.

"Барои мубориза бо фасод дар Русия ва мубориза баҳри озодӣ Навалнийро амалан ба марг расонданд," –гуфт Антонио Таяни, вазири корҳои хориҷии Италия.

Марги Навалний вокуниши сахти кишварҳои ғарбиро ба бор овард. Раҳбарони ИМА, Бритониёи Кабир ва бархе кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки нисбат ба Русия таҳримҳои сахттар ҷорӣ хоҳанд кард.

Мақомоти Русия кишварҳои Ғарбиро ба он муттаҳам мекунанд, ки ҳанӯз далели марги Навалний рӯшан нашуда, онҳо аз марги ӯ сӯистифода мекунанд.

Ҷасади Алексей Навалнийро то кунун ба наздиконаш надодаанд.

Дар шаҳрҳои гуногуни Русия ба ёди Навалний бархе сокинон гулчанбар ва лавҳаи ёдбуд мегузоранд. Пулиси Русия аксҳои Навланий ва гулҳое, ки ба ёдбуди ӯ гузошта шудаанд, аз хиёбонҳо чидаанд.

Алексей Навалний аз мухолифони сарсахти Владимир Путин, президенти Русия буд, ки соли 2021 боздошт ва зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG