Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петар Шегрт Тоҷикистонро тарк мекунад


Петар Шегрт, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ки имсол футболбозони тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муваффақ кард, кишварро тарк мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳлати шартномаро бо Шегрт дароз накард.

Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Таҳти роҳбарии Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ, тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфта, дар байни 8 тими беҳтарини қораи Осиё қарор гирифт.

Дар муддати ду сол мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петар Шегрт, 24 бозӣ анҷом дода, дар 11 дидор пирӯз шуда, 7 бозиро мусовӣ кардааст ва 6 маротиба ба бохт дучор гардидааст.

Петар Шегрт соли 2022 сарбураббии тими дастаи мунтахаби Тоҷикистон таъйин шуда, футболболбозони тими миллиро ба мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 омода кард.

Мутахассиси пуртаҷриба муддати тӯлонӣ бо бозигарони ҷавон бомуваффақият кор карда, барои ин лақаби «меъмор»-ро гирифтааст. Мутахассиси хорватӣ тими миллии Афғонистонро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард. Соли 2018 ӯ сармураббии тими Молдив буд ва бо он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.

Федератсияи Футболи Тоҷикистон гуфтааст, ба наздикӣ сармураббии нави тими миллиро муаррифӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳо хабар додаанд, ки бошгоҳи футболи “Фулод”-и Эрон мехоҳад бо Петар Шегрт гуфтушунид анҷом диҳад, то ки ӯ сармураббии ин тим шавад.

Шегрт гуфтааст, ҳоло ба Аврупо барои истироҳат меравад, баъдан дар бораи кори ояндаи худ фикр хоҳад кард.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G бо сармурабби нав идома хоҳад дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтааст.

Бозиҳои боқимондаи марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G имсол баргузор мешаванд.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон 21-уми март дар меҳмонӣ бо тими миллии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

XS
SM
MD
LG