Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон нахустин бор дар рӯйхати 100 мунтахаби беҳтарини футболи ҷаҳон ҷой гирифт


Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA, ки 15-уми феврал дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, бо 1218,89 имтиёз ҳафт зина боло рафт ва дар ҷойгоҳи 99-ум қарор гирифт.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1855,2 имтиёз дар байни 210 даста дар ҷойгоҳи аввал аст.

Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1845,44 имтиёз дар ҷойгоҳи дуюм ва Англия бо 1800,05 имтиёз зинаи сеюмро соҳиб шудаанд.

Аз байни мунтахабҳои кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (24-ум, 1553,35 имтиёз), Русия (38-ум, 1498,84 имтиёз) ва Узбекистон (66-ум, 1376,5 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (100-ум), Қирғизистон (104-ум), Озарбойҷон (113-ум), Эстония (123-юм), Латвия (136-ум), Литва (138-ум), Туркманистон (141-ум) ва Молдова (155-ум) пеш аст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 16-умро азони худ кардааст.

Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар радабандии FIFA ҷойгоҳи 99-ум (соли 2024) ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум (соли 2003) мебошад.

Зимнан, тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петар Шегрт, мутахассиси хорватӣ, ки бори аввал дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ кард, бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот дастоварди тозаеро дар таърихи варзиши кишвар сабт намуд.

Ҳамакнун мунтахаби Тоҷикистон муборизаро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гурӯҳи G идома хоҳад дод.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бозиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими миллии Урдун бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода, дар даври дуюм дар меҳмонӣ дастаи Покистонро бо ҳисоби бузурги 6:1 шикаст дод.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи G мунтахаби Арабистони Саудӣ бо касби 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 4 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Дастаи Урдун бо касби як имтиёз дар ҷои сеюм мебошад. Тими Покистон бидуни имтиёз дар ҷойгоҳи охирин қарор гирифтааст.

Бозиҳои боқимондаи марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G имсол баргузор мешаванд.

Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон 21-уми март дар меҳмонӣ бо тими миллии Арабистони Саудӣ доир мегардад.

Марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё бо иштироки 36 дастаи мунтахаб дар нӯҳ гурӯҳ ҷараён дорад.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, ба марҳилаи сеюми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG