Дар маросиме рӯзи 15-уми феврал ин созмон овозхонро чун сафири нахустини худ дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Ба ҳайси сафири иродаи неки ЮНИСЕФ Сафармуҳаммад бояд садои кӯдакону ҷавонон, қишри осебпазири кишварро ба ҷомеа ва мақомдорон бирасонад ва барои шунида шудани пайёми онҳо мусоидат кунад. “Сафир барои паҳн намудани паёмҳои муҳим ба кӯдакон ва ҷавонони Тоҷикистон ва инчунин расонидани нигарониҳо ва андешаҳои онҳо ба шахсони қарор қабулкунандаи кишвар нақши муҳим дорад,” - гуфтааст, роҳбари намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен, дар маросими муаррифии сафири созмон дар Тоҷикистон.
Овозхон се соли ахир бо ин созмон ҳамкорӣ дошт ва дар маъракаҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдакону ҷавонон ширкат кардааст.
Ба гуфтаи масъулини ЮНИСЕФ, ҳамкории овозхони ҷавон бо созмон аз замони хуруҷи COVID-19 шурӯъ шуд. Вай ба маъракаи #SafeHandsChallenge ҳамроҳ шуда, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавононро аз роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ огоҳ мекардааст. Ҳамчунин Сафармуҳаммад дар доираи як чорабинии ЮНИСЕФ дар чанд минтақа бо ҷавонони паноҳҷӯйи афғон дидору мулоқот намудааст.
Созмони ЮНИСЕФ дар саросари ҷаҳон чеҳраҳои шинохта миёни наврасону ҷавононро чун сафирони иродаи некӣ интихоб мекунад. Ҳадаф аз ин иқдом расонидани садову мушкили кӯдакону ҷавонон, боло бурдани огоҳии онҳо ва дастгирии наврасони камбизоат дар кишварҳо гуфта мешавад.