Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия ихроҷи Кубро Ҳасаниро манъ кард


Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург қарори ихроҷи рӯзноманигори афғонистонӣ Кубро Ҳасаниро аз Русия бекор кард.

Ба иттилои "Ротонда", дар қарори додгоҳ омада, ки ихроҷи Ҳасанӣ ҳуқуқ ва озодии ӯро маҳдуд месозад.

Додгоҳ ахиран рӯзноманигори афғонистониро дар убури ғайриқонунии марзи Русия айбдор эълом карда, ба муҳлати ду сол ба маҳбаси сукунатӣ фиристод. Вале Ҳасанӣ бо назардошти муҳлати қарор доштанаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз толори додгоҳ озод шуд.

Кубро Ҳасанӣ соли 2021 баъди сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар Афғонистон аз кишвар фирор кард. Ӯ як муддат дар Украина ба сар бурда, баъди оғози ҷанг миёнаравҳо бо ваъдаи расонидан ба Аврупо ӯро фиреб дида, ғайриқонунӣ ба Русия бурдаанд.

Ҳасанӣ моҳи майи соли 2022 ҳамроҳ бо 12 шаҳрванди дигари Афғонистон мехостанд, ғайриқонунӣ аз Русия ба Аврупо бираванд, вале аз сӯи маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG