Cенати Амрико рӯзи 13-уми феврал бастаи 95 миллиардолларии кӯмакиро тасвиб кард, ки бояд ба Украина, Исроил ва Тайван дода шавад. Аммо ин санад, зоҳиран ба осонӣ дар Маҷлиси Намояндагони Амрико ё роҳ намеёбад ва ё тасвиб намешавад.
Аз ин миқдор 60 миллиард доллараш бояд ба Украина, 14 миллиард барои Исроил ва боқӣ барои Тайвану дигар кишварҳои соҳили Уқёнусҳои Ором, мисли Ҳинд барои муқобила бо Чин пешбинӣ шудааст.
Ҷо Байден аз Маҷлиси намояндагони зери назари ҷумҳурихоҳон хост, ки онҳо ҳам ин бастаи кӯмакиро имзо кунанд.
“Ман аз раиси Маҷлиси намояндагон мехоҳам, бигузорад маҷлис назари комили худро баён кунад ва иҷоза надиҳад, чанд садои тундрав монеи раъйгирӣ дар бораи тарҳ шаванд, ”-гуфт ӯ.
Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагон рӯзи 12-уми феврал гуфт, бидуни ислоҳи низоми муҳоҷират ба Амрико санадро баррасӣ намекунанд.
Як тарҳи 118 миллиардолларӣ, ки тақвияти марзҳои Амрикоро дар назар дошт, ҳафтаи гузашта қабул нашуд, чун Доналд Трамп, президенти собиқ аз ҷумҳурихоҳон хост, ба ирсоли кумакҳои изофӣ ба Украина мухолифат кунанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт: "Мисол, мо тамоми ин пулро медиҳем. То ҳол ба Украина 200 миллиард доллар додем. Ва онҳо се ҳафта баъд бо Русия муомила мекунанд ва дигар намехоҳанд, бо мо муомила кунанд.”
Демократҳо тасвиби лоиҳаи кӯмаки хориҷиро фавқуллода муҳим номиданд.
Чак Шумер, вакили демократ гуфт, “як санади таърихиву боаҳамият дар Сенат тасвиб шуд. Санаде, ки на танҳо барои амнияти миллии мову шарикони мо, балки демократияи ғарбӣ муҳим аст.”
Назари вакилони ҷумҳурихоҳ дар бораи кӯмаки бештар ба Украина гуногун аст. Баъзеашон мехоҳанд, пул сарфи амнияти дохилии Амрико шавад.
Видеоро инҷо бинед:
Рон Ҷонсон, вакили ҷумҳурихоҳ гуфт, ки "ин ҳукумат кӯмаки 60 миллиарддоларӣ ва ё бештар аз он ба Украинаро афзалтар медонад, то ин кишвар марзҳояшро муҳофизат кунад. Шояд беҳтар аст, мо бо истифода аз ин санад ба ҳукумат фишор оварем, то марзҳои худи моро муҳофизат кунад.”
Вале 22 вакили ҷумҳурихоҳ ҳамроҳи демократҳо ба тарафдории санад раъй доданд, чун ба ақидаи онҳо инҷо манофеи амнияти миллии Амрико аст.
“Муттаҳидону шарикони мо умедворанд, кишвари мо, раҳбари ҷаҳони озод ба азмаш содиқ мемонад. Душманони мо умедвори комилан чизи дигар ҳастанд.”
Украина бастаи пешинаи кумаки Амрикоро рӯзи 27-уми декабр гирифта буд. Ба қавли таҳлилгарон таъхир Русияро ҷасур мекунад,»--гуфт Митч Макконел, вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ.
Майкл Киммиҷ, таҳлилгар мегӯяд, “барои Путин ин як пирӯзӣ аст ва онгуна нишон медиҳад, ки Русия ба самти пирӯзӣ ҳаракат дорад. Украинаро тавре нишон медиҳад, ки ҳадди аққал дар ҷанг ба бунбаст ворид шудааст.”
Вакилони Маҷлиси намояндагон ин ҳафта се рӯз ҷаласа доранд ва аввали моҳи март ба таътил мераванд.
Гуфтугӯ