Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқ барои ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Покистон. Шаҳбоз Шариф сарвазир мешавад


PAKISTAN-ELECTION/
PAKISTAN-ELECTION/

Гурӯҳҳои сиёсӣ дар Покистон рӯзи сешанбе эълом карданд, ки ҳукумати эътилофӣ ташкил мекунанд ва Шаҳбоз Шариф номзади онҳо ба мақоми нахуствазири он кишвар хоҳад буд.

Ҳизби мардумии Покистон, ки бунёдгузори он Зулфиқор Бҳутто, падари нахуствазири пешини ин кишвар Беназир Бҳутто мебошад, гуфт, барои поён додан ба бунбасти сиёсӣ пас аз интихоботи ахир, аз Шаҳбоз Шариф ҳимоят хоҳад кард.

Марям Аврангзеб, сухангӯи Ҳизби робитаи мусалмонон (Шохаи Навоз Шариф) дар паёме дар шабакаи иҷтимоии Х (Твиттери пешин) эълон кард, ки Навоз Шариф, раҳбари ин ҳизб бародараш Шаҳбоз Шарифро барои мақоми нахуствазирӣ номзад кардааст.

Қаблан эҳтимол мерафт, ки Навоз Шариф, ки се дафъа нахуствазири Покистон буд, худ барои ин мақом номзад мешавад.

Ба иттилои Комиссияи интихоботии Покистон, Ҳизби робитаи мусалмонон (Шохаи Навоз Шариф) дар интихоботи ахир 80 курсӣ ва Ҳизби мардумии Покистон низ 54 курсӣ ба даст овардааст. Ин ду ҳизб ба осонӣ метавонанд, ки ҳукумати ояндаро ташкил диҳанд, зеро беш аз ними курсиҳои мавриди ниёз дар порлумонро аз худ кардаанд. Бархе номзадҳои мустақил ҳам аз ин ду ҳизб пуштибонӣ кардаанд. Порлумони Покистон 264 курсӣ дорад.

Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти пешин ва аз раҳбарони Ҳизби мардумии Покистон дар як нишасти хабарӣ бо ҳамроҳии Шаҳбоз Шариф ва раҳбарони дигари ҳизбҳои сиёсӣ гуфт, "мо тасмим гирифтаем, ки бо ҳамкории худ ҳукумат ташкил диҳем, то Покистонро аз бӯҳрон берун кунем".

Биловал Бҳутто, писари Осиф Алӣ Зардорӣ ва Беназир Бҳутто ва аз раҳбарони Ҳизби мардумии Покистон пештар шартҳоеро барои ҳимоят аз эътилоф бо раҳбарии Шаҳбоз Шариф матраҳ карда ва гуфта буд, ки ҳизби онҳо дар интихоботи нахуствазир аз Ҳизби робитаи мусалмонон ҳимоят хоҳад кард, аммо ба ҳукумат нахоҳад пайваст.

Номзадҳои мустақил, ки аз пуштибонии Имрон Хон, нахуствазири пешини зиндонӣ бархӯрдор ҳастанд, тавонистанд дар интихоботи ахир 93 курсӣ ба даст биоранд.

Дар ҳамин замина Имрон Хон дар паёме мухолифати худро бо пайвастани тарафдоронаш ба эътилоф бо Ҳизби робитаи мусаламонон ва Ҳизби мардумии Покистон, эълон кардааст.

Интихоботи вилоятӣ ва порлумонии Покистон рӯзи 8-уми феврал баргузор шуд.

Покистон ин шабу рӯз буҳрони сахти иқтисодиро аз сар мегузаронад ва кашмакашҳои бештар метавонад вазъи иқтисодии ин кишвари дорои 241 миллион аҳолиро боз ҳам душвортар кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG