Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Амрико тарҳи қонуни кумак ба Украинаро қабул кард


Сенати Конгресси Амрико рӯзи сешанбе лоиҳаи қонунеро ба маблағи беш аз $95 миллиард доллар қабул кард, ки кумаки молӣ ба Украина, Исроил ва Тайванро пешбинӣ мекунад.

Лоиҳаи қонун бо ҷонибдории 70 узви сенат, аз ҷумла 22 ҷумҳурихоҳ ва 29 раъйи мухолиф қабул шудааст.

Хабаргузории "Reuters" хабар дода, ки акнун лоиҳаи қонун барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони ИМА, ки аз сӯи ҷумҳурихоҳон, мухолифони кумак ба Украина пешниҳод мешавад ва эҳтимоли қабул шудани он хеле кам аст.

Президенти Амрико Ҷо Байдени демократ чандин моҳ аст, ки аз Конгресс даъват мекунад, то кумак ба Украина ва кишварҳои шарики ИМА дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Оромро суръат бахшад.

Мақомоти Украина аз норасоии аслиҳа дар артиши худ ҳушдор додаанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, Русия ҳамлаҳои навро шуруъ кардааст. Президенти Украина Владимир Зеленский аз қабули лоиҳаи қонун дар сенат, ки кумаки молӣ дар ҳаҷми 61 миллиард доллар ба Киевро пешбинӣ мекунад, истиқбол кард.

XS
SM
MD
LG