Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар марзи Узбекистону Қирғизистон гузаргоҳи нав боз мешавад


Сохтмони гузаргоҳи нави марзӣ дар ҳудуди ноҳияи Учқурғони Узбекистон, ки ин кишварро бо Қирғизистон мепайвандад, идома дорад.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба "UzA" иттилоъ додаанд.

Гузаргоҳи нав дар 10-километрии роҳи Учқурғон - Маданият, дар ҳудуди ноҳияи Учқурғони Узбекистон, ки бо вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳаммарз мебошад, ҷойгир аст. Дар он тарафи марз, дар деҳаи Қизилтууи Ҷалолобод низ бунёди гузаргоҳ оғоз шудааст.

Тибқи нақша, гузаргоҳи нави марзи миёни Узбекистон ва Қирғизистон бояд соли равон боз шавад.

XS
SM
MD
LG