Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Kloop Media-ро дар Қирғизистон барҳам дод


Додгоҳи шаҳри Бишкек
Додгоҳи шаҳри Бишкек

Додгоҳи шаҳри Бишкек рӯзи 9-уми феврал бо талаби Додситонии пойтахти Қирғизистон дар бораи барҳам додани Бунёди иҷтимоии Kloop Media, бунёдгузори расонаи мустақили Kloop, қарор баровард.

Додситон Эмилбек Абдуманнофов дар тобистони соли 2023 иддао карда буд, ки матлабҳои Kloop “рӯҳияи манфӣ” доранд ва ҳадафашон “бадном кардани мансабдорон аст”.

Масъулони Kloop Media гуфтанд, бо қарор розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Сомонаи Kloop бо талаби Вазорати фарҳангу иттилоот, варзиш ва ҷавонони Қирғизистон аз моҳи сентябри соли 2023 дар ин кишвар дастнорас аст. Сабаби ин тасмим матлабе “дар бораи шиканҷаи фаъолони сиёсии мухолиф” гардид

Kloop-ро соли 2007 таъсис додаанд. Ин расонаи мустақил даҳҳо мавриди коррупсия ё фасоди молиро дар идораҳои давлатии Қирғизистон тақҳиқу расонаӣ кардааст.

Мақомоти Қирғизистонро солҳои охир барои фишори афзун ба хабарнигорон ва таъқибу боздошти кормандони расонаҳо танқид мекунанд.

Ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки замоне ҳамчун "ҷазираи демократия" муаррифӣ мешуд, дар Шохис ё индекси ҷаҳонии озодии матбуот дар соли 2023 якбора панҷоҳ зина поин рафт ва дар мақоми 122 қарор гирифт. Пештар дар ҷойгоҳи 72 буд.

XS
SM
MD
LG