Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 7 нафар, аз ҷумла се кӯдак, дар ҳамла ба Харков


Харков, Украина, акс аз рӯзи якуми феврали 2024
Харков, Украина, акс аз рӯзи якуми феврали 2024

Бар асари ҳамлаҳои Русия ба вилояти Харкови Украина дар шабонарӯзи гузашта дастикам ҳафт нафар, аз ҷумла се кӯдак кушта шудаанд.

Се нафари дигар маҷруҳ ҳастанд.

Волии вилоят, Олег Синеҳубов, рӯзи 10-уми феврал дар Telegram навишт, ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Русия ба як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сурат гирифт. Хонаҳои канори он оташ гирифтаанд.

"Танҳо дар яке аз хонаҳо ҷасади панҷ нафар, аз ҷумла се кӯдак, пайдо шуд. Кӯдакон нимсола, чорсола ва ҳафтсола буданд," -- гуфт Синеҳубов.

XS
SM
MD
LG