Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузории Чин дар Узбекистон зиёд ва аз Русия кам шудааст


Чин дар соли гузашта аз нигоҳи сармоягузорӣ дар Узбекистон мақоми аввалро гирифтааст.

Оҷонси омори назди президенти Узбекистон гуфт, соли 2023 ба ин кишвар дар умум 28,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд.

Тибқи иттилои оҷонс, ин сармояҳо ба Чин (25,6), Русия (13,4 дарсад), Арабистони Саудӣ (7,9 дарсад), Туркия (6,4 дарсад), Имороти Муттаҳидаи Арабӣ (5,8 дарсад) ва Олмон (4,3 дарсад) рост меоянд.

Дар ин радабандӣ соли гузашта Русия (20,3 дарсад) дар ҷойи аввал ва Чин (16,4 дарсад) дар мақоми дувум қарор дошт.

XS
SM
MD
LG