Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

19 млн. сомонӣ амонати муштариёни "Агроинвестбонк"-ро додаанд


Эътирози яке аз амонатгузорони "Агроинвестбонк". Акс аз бойгонӣ
Эътирози яке аз амонатгузорони "Агроинвестбонк". Акс аз бойгонӣ

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, соли гузашта аз ҳисоби дороиҳои "Агроинвестбонк" зиёда аз 19 миллион сомонӣ амонати муштариёнро баргардондаанд.

"Дороиҳоро фурӯхтанд ё онҳоро ба ивази пул ба муштариён доданд. Яъне, ҳисобро баробар карданд. Ҳамин тавр, теъдоди амонатгузорон рӯ ба камшавӣ дорад," -- гуфт Рустам Мирзозода рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.

"Агроинвестбонк", ки дар гузашта яке аз бонкҳои низомсоз ба шумор мерафт, соли 2015 дучори буҳрон шуд ва дар бозгардондани пасандози амонатгузорон оҷиз монд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2016 барои наҷоти "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" беш аз се миллиард сомонӣ қарз дод, вале мушкил ҳал нашуд.

Бонки Миллӣ се сол пеш иҷозатномаи "Агроинвестбонк"-ро пас гирифт. Ин бонк дар ҳоле муфлис эълон шуд, ки зиёда аз 30 ҳазор муштарияш аз тақдири пулҳои мондаи худ нигарон буданд. Ҳоло, ба гуфтаи раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ, теъдоди муштариён то 9800 нафар кам шудааст.

Дар солҳои охир дастикам чор бонки Тоҷикистон муфлис эълон шуданд. Ба ҷуз “Агроинвестбонк” ба ин қатор “Тоҷиксодиротбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дохил ҳастанд.

Дар ин миён “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” пурра барҳам хӯрда, вале тақдири пули баъзе аз амонатгузорон ҳамоно норӯшан мондааст.

XS
SM
MD
LG